Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод амали Шӯрои Нигаҳбонро "зулм" хонд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, қавл додааст, ки барои роҳ ёфтани дастёраш ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ талош хоҳад кард, ки ӯро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карданд. Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди мураккаб аз ҳуқуқдонҳо ва рӯҳониёни муҳофизакори Эрон рӯзи сешанбе ба Исфандиёр Раҳим Машоӣ иҷозаи ширкат дар интихобот надод. Ин шӯро аз миёни 700 довталаби мақоми раиси ҷумҳури Эрон танҳо ҳашт нафарро ба интихобот роҳ дод, ки аксарияташон сиёсатмадорони вафодор ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон ҳастанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, тасмими Шӯрои Нигаҳбонро, "зулм" дар ҳаққи Исфандиёри Машоӣ хонд ва гуфт, ки ин масъаларо бо Оятуллоҳ Хоманаӣ баррасӣ мекунад, то “мушкил ҳал шавад.” Шӯрои Нигаҳбон ҳамчунин Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эронро иҷозаи ширкат дар интихобот надод. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ин тасмим мақомоти Эронро интиқод кард ва аз онҳо хост, бигзорад то мардум озодона раъй диҳанд. Аз онҳое, ки номзадиашон таъйид шудааст, Саид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири умури хориҷии Хоманаӣ ҳастанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи 14 июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG