Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳалок шудаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари марги се шаҳрванди кишвар дар оташсӯзӣ дар шаҳри Екатеринбургро таъйид кард. Сафорат рӯзи чаҳоршанбе бо нашри баёнияе гуфт, консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург муайян кардааст, се муҳоҷири тоҷик бар асари оташсӯзии шаби 22 май, ки ба иллати ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ сар задааст, ҳалок шудаанд. Шаш муҳоҷири дигар дар ин ҳодиса захм бардоштаанд, ки вазъи ду нафарашон нигаронкунанда будааст. Ба гуфтаи сафорат ҳамаи қурбониёни фалокат, сокинони рустои Томини ноҳияи Айнӣ будаанд ва баъди хотимаи тафтишот аҷсоди онҳо ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG