Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Саакашвилӣ аз рафтори ҳукумати Гурҷистон


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон, боздошти ахири аъзои ҳукуматашро ба қазияи Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи зиндонии Украина монанд кард. Пеш аз ин баёния, Иване Мерабешвили, нахуствазири собиқи Гурҷистон, рӯзи сешанбе бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир шуд. Яке дигар аз аъзои ҳукумат, Зураб Чиаберашвили, вазири собиқи беҳдошт ва ҳоло раиси вилояти Кахетӣ низ дастгир карданд. Раиси ҷумҳури Гурҷистон бо ишора ба боздошти аъзои дигари ҳизбаш, Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ гуфт, ки ҳамаи ин боздоштҳо ангезаи сиёсӣ доранд. Баъди шикасти ҳизби Саакашвилӣ дар интихоботи моҳи октябри гузашта ва ба қудрат расидани Бидзина Иванишвили, миллиардери гурҷӣ, даҳҳо аъзои ҳукумати пешини Гурҷистон, аз ҷумла вазири умури дохилиро ҳам боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG