Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дахлнопазирӣ ё масунияти додситонҳо, додрасҳо ва кормандони Оҷонсии мубориза бо фасодро ба ҳангоми содир кардани ҷиноят аз сӯи онҳо лағв кард.

Ин тасмим рӯзи чоршанбеи 22-уми май зимни баргузории иҷлосияи навбатии палати поёнии порлумон ва ба ҳангоми тағийрот ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прократураи Тоҷикистон ва «Дар бораи судҳои Тоҷикистон» гирифта шуд.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ва Саттор Холов, вакили порлумон ҳадаф аз ин иқдомро ба манзури таҷдиди назар кардан ба вазъи ҳуқуқии дахлнопазирии додситон ва кормандони прокурории мақомоти додситонӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ ва пурра хориҷ намудани масъалаҳои дахлнопазирии прокурор ва муфаттишони мақомоти прокуратура, ки дар моддаи 58 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон» ба танзим дароварда шудаанд, арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, бар асоси ин тағйирот ба Додситони кулли Тоҷикистон низ салоҳият дода шуд, ки дар баробари раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, нисбат ба кормандони прокурории мақомоти додситонӣ ҷиҳати ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятиро оғоз намояд.

Ин лоиҳаи қонун пешбинӣ менамояд, ки дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии додситон ва кормандони прокурории мақомоти додситонӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва мухобирот, ки онҳо истифода мебаранд, ҳангоми дастгир карданашон дар вақти содир кардани ҷиноят имконпазир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон анҷом мешавад.

Ҳамчунин бар асоси тағйирот ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Тоҷикистон», парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбат ба додрасҳо, яъне судяҳо аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон оғоз гардида, аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд. Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя ҳамчун чораи пешгирӣ бо дархости прокурор ё муфаттиш, бо розигии Додситони кулли Тоҷикистон ва иҷозати Додгоҳи Олии мавридт иҷро қарор мегирад.

Аз сӯи дигар тибқи банди 11-и моддаи 31 Қонун дар бораи «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия», салоҳияти оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва додгоҳ доро мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG