Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия як шарики Доку Умаровро куштанд


Маъмурони амниятии Русия мегӯянд, як шарики наздики Доку Умаров, раҳбари созмони ифротии Хилофати Қафқозро куштаанд. Кумитаи зиддитеррористии Русия рӯзи сешанбе гуфт, Ҷамолайл Муталиев ҳамроҳ бо як ситезаҷӯи дигар зимни муқовимати мусаллаҳона ба маъмурони амниятӣ дар шаҳри Назрани Ингушистон кушта шуданд. Ҷамолайл Муталиев, як шарики наздики Доку Умаров раҳбари созмон Хилофати Қафқоз аст, ки мехоҳад, дар ҷумҳуриҳои қафқозии Русия хилофати исломӣ бисозад. Созмони мазкур масъулияти ду ҳамлаи хунин дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Маскавро бар дӯш гирифтааст, ки солҳои 2011 ва 2010 ба вуқӯъ пайвастанд. Дар он ҳамлаҳо 80 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG