Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро барои интихобот интиқод кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Эронро барои маҳрум кардани ду довталаби аслӣ аз ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, интиқод кард. Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди мураккаб аз рӯҳониёни муҳофизакори Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи сешанбе Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқ ва Исфандиёр Раҳим Машоӣ, дастёри наздики Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эронро иҷозаи ширкат дар интихобот надод. Шӯрои Нигаҳбон аз миёни 700 довталаб ба мақоми раиси ҷумҳур, номзадии танҳо 8 нафари онҳоро таъйид кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон, аксари ин номзадҳо, афроди муҳофизакори содиқ ба Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон ҳастанд. Патрик Вентрел, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, Шӯрои Нигаҳбон номзадии онҳоеро таъйид кардааст, ки “ба эътиқоди он манофеъи режимро ҳимоят мекунад, на манофеъи мардуми Эронро”. Ӯ аз давлати Эрон хост, бигзорад, то мардум озодона раъй диҳанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи 14 июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG