Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ду маркази дигари «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»


Имрӯз, чоршанбеи 22 май дар шаҳри Ваҳдат, дар 35 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, пойтахт ду маркази дигари «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» фаъол шуд. Хабарнигори радиои Озодӣ, ки дар маросими ифтитоҳи ин марказҳо ширкат дорад, гуфт, ки «ин марказҳо ба ибтикор ва ҳамкории бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати Амрико ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, дар маросими ифтитоҳи ин марказҳо Сюзан Эллиотт, сафири ИМА ва Саид Ҷурахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок доранд. Ба ин тартиб яке аз марказҳо дар маркази шаҳри Ваҳдат ва дигар дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» -и ин минтақа роҳандозӣ шуданд.

Ҳадафи аслии ин марказҳо «баланд бардоштани қобилияти хидматрасонии кормандони корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон дар ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон ва тақвияти волоияти қонун ва ҳамчунин беҳтар кардани боварии мардум ба милитсия» унвон мешавад. Дар чорчӯби ин марказҳо гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа низ фаъолият мекунанд. Ин лоиҳа аз сӯи бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардишиғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА аз моҳи майи соли 2010 мавриди иҷро қарор гирфтааст ва то кунун 6 марказ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ба хусус Рашту Ҷиргатол, Фархору Қумсангир ва Бобоҷон Ғавфурову қайроқум таъсис ёфтаанд.

Ҳафтае пеш чунин ду марказ дар шаҳри Душанбе низ ифтитоҳ шуда буд. Ҳамакнун интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ чанд маркази дигар дар Панҷакенту Айниву Хоруғ фаъол шавад. Зимнан, бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба ҷуз таъмиру бозсозии марказҳо, таҷҳизоти лозимро ба ин марказҳо таъмин карда ва ҳамчунин дар баргузории тренингҳо барои кормандони пулис ва ҷомеа мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG