Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоли ҳозир, даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои минтақа оғоз ёфтааст ва дар он 100 ҳамшираи шафқат вориди сабқат шудаанд.

Ин иқдом дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки муассисаҳои тиббии минтақаи шимолии Тоҷикистон ба ҳамширагони шафқат, табибони дорои миёнаи махсус ниёз доранд.

Хоҳари шафқатро дар Тоҷикистон чун табибе мешиносанд, ки пеш аз дигарон ба сари бемор ҳозир мешавад ва ёрии аввалро мерасонад. Хусусан, дар деҳот, ки дастрасӣ ба ёрии тиббии таъҷилӣ мушкил аст. Комрони Мирзо, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, будани як хоҳари шафқат дар маҳал зиндагии онҳоро амнтар кардааст. “Ҷойе, ки ман зиндагӣ мекунам, 10 километр аз Хуҷанд дур аст. Мо як хоҳари шафқат дорем, номашон Роҳат. Аммо мо ӯро хонуми Балогардон мегӯем. Чунки ҳар нафаре бемор шуд ё бемориаш хуруҷ кард, соат яки шаб аст ё дуи шаб, Роҳат ҳамеша омодаанд ва ёрии беминнат мерасонанд. Бовар кунед, апаи Роҳат ба мадади Худо ҷони ҳазорҳо нафарро аз чанголи аҷал халос кардаанд.”

Аз ин ҷост, ки сокинон ба хоҳарони шафқат ё ҳамшираҳои тиббӣ ба назари эҳтиром менигаранд. Ин касб дар ҷомеаи Тоҷикистон аз пешаҳои камшумори писандида барои бонувон дониста мешавад. Бисёр сокинон будани як табиби дорои миёнаи махсус дар хонаводаи худро муҳим медонанд. Табибе, ки ҳади ақал ҳоли беморро дарёфтаву фишори хунро чен карда ва сӯзан зада тавонад.

Нодира Собирова, хоҳари шафқат, дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Ғафуров беш аз 30 сол машғули ин касб аст. Вай дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки аз кор мондаву хаста ба хона бармегардад, боз ҳам меҳру муҳаббати касбаш намегузорад хоҳиши ҳамсоягону дӯстонашро ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ рад кунад: “Вақте ба умед дари хонаам меоянд, наметавонам хоҳиши касеро рад кунам. Ростӣ, аз ҳеҷ кас пул напурсидаам. Миннатдории одамон, дидани шодии беморон, ҳамин бас аст.”

Вале ҳарчанд хоҳарони шафқати тоҷик аз обрӯву эътибор дар миёни ҷомеа бархӯрдоранд, маоши ночиз доранд. Дар ҳоли ҳозир моҳонаи онҳо 300 - 350 сомониро ташкил медиҳад. Ба маълумоти раёсати тандурустии Суғд, дар вилоят 13.5 ҳазор хоҳар ва бародарони шафқат, табибони дорои маълумоти тиббии миёнаи махсус фаъолият мекунанд. Ва бештари онҳо ночоранд ба хотири дарёфти маблағи бештар дар соатҳои фориғ аз кор низ ба аёдати беморони дар хонаву сӯзанзании онҳо машғул шаванд.

Ва на ҳама хоҳарони шафқат чунин шароити ногувори кориро таҳаммул мекунанд. Саодат, ном як сокини Хуҷанд гуфт, баъд аз се соли кор ба ҳайси хоҳари шафқат дар бемористон онро тарк намуд: “Таъминот суст, доруву дармон нест. Ҳамаашро худи беморон харида меоранд. Баъзан онҳо мегӯянд, ки пул надоранд, дигар дидани ин ҳолатро таҳаммул карда наметавонам.”

Саодат афзуд, ҳоло қасд дорад кӯдаки 4 солаашро ба саробонии модараш гузошта, худ дар ҷустуҷӯи кори сермуздтар ҳамроҳи шавҳараш ба Русия биравад. Бино ба маълумоти Маркази бозомӯзии хоҳарони шафқат дар Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир ноҳияҳои дурдаст ва деҳоти Суғд ба камбуди шадиди хоҳарони шафқат рӯ ба рӯянд.

Вале Моҳира Акбарова, сардухтури таваллудхонаи маркази вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳар ҳолат бояд ба касби хоҳарони шафқат, ки табобати беморон ба дасти онҳо сурат мегирад, дилбастагони ин касб машғул бошанд: “Агар хоҳари шафқат бо хости дилаш ба кор ояд, вайро ҳеҷ мушкилӣ аз роҳ намегардонад. Муҳимаш, ба пешааш ишқу ҳавас дошта бошад.”

Дастандаркорони баргузории озмуни “Беҳтарин ҳамшираи шафқат” дар вилояти Суғд мегӯянд, ин иқдом на танҳо ба хотири дарёфту тарғиби фаъолияти беҳтарин соҳибони ин касб, балки ҳирфаӣ намудани кори онҳо низ роҳандозӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG