Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи қурбониҳои гирдбод бознигарӣ шуд


Президенти ИМА Барак Обама ваъда додааст, ки мардуми минтақаи офатзадаи Оклаҳома ба зудтарин фурсат ба кумакҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Шоми душанбе гирдбоди нерӯманд ба чанд шаҳри аёлати Оклаҳома хасороти ҷониву молӣ овард.

Дар изҳороти Қасри Сафед гуфта мешавад, ки гирдоби ахир аз ҳамаи гирдбодҳои то ин лаҳза маълум зиёни бештар расондааст. Идораи беҳдошти ИМА шумораи қурбониҳоро бознигарӣ намуда, иброз доштааст, ки бар асарии ин офат камаш 24 нафар ҳалок шудаанд.

Идораи беҳдошти Оклаҳома мегӯяд, қаблан баъзе қурбониҳо ду дафъа ҳисоб шуда буданд ва ин идора марги 51 нафарро тасдиқ карда буд. Дар байни қурбониҳо кӯдакон кам нестанд.

Президент Обама дар ин минтақа вазъи фавқулода эълон кард.
XS
SM
MD
LG