Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон созиши Манасро тамдид намекунад


Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, созишномаи ИМА ва Қирғизистон дар мавриди истифодаи паймони НАТО аз маркази транзитии фурудгоҳи Манаси Бишкекро аз 11-уми июли соли 2014-ум қатъ кунад.

Ин хабар дар сомонаи ҳукумати Қирғизистон рӯзи сешанбе ҷой дода шуд. Ба қавли муаллифони хабар ин қарор ба зудӣ барои тасдиқ ба парламенти кишвар фиристода мешавад.

Маркази транзитии Манас аз тарафи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ барои интиқоли сарбозон ва молу коло ба Афғонистон истифода мешавад. Ҳамчунон дар ин пойгоҳ 1 ҳазор афсару сарбоз ва як идда ҳавопаймоҳои ИМА мустақар мебошанд.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев борҳо исрор варзидааст, ки баъди беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон Манас фақат бо ҳадафҳои осоишта истифода бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG