Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати исломии Узбакистон дар ... Орехово-Зуево?


Орехово-Зуево дар харитаи Google

Орехово-Зуево дар харитаи Google

Мақомоти Русия мегӯянд, рӯзи душанбе афродеро, ки қасди анҷоми амали террористӣ дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Маскавро доштанд, хунсо кардаанд.

Кумитаи миллии зиддитеррори Русия гуфт, дар натиҷаи амалиёт дар кӯчаи Баришникови шаҳри Орехово-Зуевои вилояти Маскав ду гумонбар кушта шуда, якеи дигар ҷароҳат бардошт ва дастгир шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар амалиёт як ходими нирӯҳои вижаи Русия низ захмӣ шудааст, вале касе аз сокинони маҳаллӣ осеб надидааст.

Мақомот мегӯянд, ба ин гурӯҳ баъди муҳосира шуданашон дар манзиле дар қабати дувуми бино пешниҳод додаанд, ки таслим шаванд, вале онҳо тир кушоданд ва дар даргирии кӯтоҳе, ки сурат гирифт, ду нафари онҳо кушта ва якеаш боздошт шуд. Як мақоми амниятӣ ба Интерфакс гуфтааст, ки ин гумонбари севум худро аз қабати севуми бино ҳаво дод ва дар натиҷа пойҳояш шикастаанд. Ӯ захми тир ҳам доштааст, вале манбаъи Интерфакс гуфт, вазъи ӯ ба ҳаддест, ки метавон бозпурсиаш кард.

Ба гуфтаи мақомот, ҳарсе гумонбар шаҳрванди Русияанд, ки “баъди тамрин гирифтан дар минтақаи Афғонистону Покистон баргашта, ба анҷоми амали террористӣ омодагӣ мегирифтанд.” Ба бовари мақомот, ин ҳамла мебоист дар ягон чорабинии пуриздиҳом дар маркази пойтахт анҷом мешуд, вале онҳо тақрибан як моҳ боз таҳти назорати оперативӣ қарор доштанд.

Як манбаъи Интерфакс дар мақомоти интизомии Русия гуфтааст, ин афрод ғолибан дар минтақаи қабиланишини Вазиристони шимолии Покистон тамрин гирифтаанд. Ин минтақа пойгоҳи гурӯҳҳои тундрави исломӣ, назири Ал-Қоидаву Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон шинохта мешавад. Мақомоти Русия гурӯҳи хунсошударо марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон медонанд ва дар ҳоли ҳозир, ҷустуҷӯи шарикони эҳтимолии онҳо дар минтақаи Маскав идома доштааст.

Дмитрий Песков - сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфтааст, ки Владимир Путинро аз ин амалёт дар Орехово-Зуево дар ҷараён гузоштаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ин се нафар камтар аз як ҳафта боз манзиле дар қабати дувуми ин бино дар кӯчаи Баришниковро иҷора гирифтанд. Мақомот аз ин манзил як автомати Калашников бо 25 тир низ пайдо кардаанд.

Мақомоти Русия пайваста дар бораи пешгирӣ шудани талоши ҳамлаҳои террористӣ, ки манбаъаш умдатан минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ гуфта мешавад, хабар медиҳанд. Охирин ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Русия таркиши маргталабонаи моҳи январи соли 2011 дар фурудгоҳи Домодедово буд, ки 37 кушта ба ҷо гузошт.

Ҳаракати исломии Узбакистон гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки барои сохтани хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад. Аъзои ин Ҳаракат, ки солҳои 90 дар канори нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик меҷангиданд, баъди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ибтидо ба Афғонистон ва баъди шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар поёни соли 2001 ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд. Ин гурӯҳ дар бисёри кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG