Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати номзадҳои раёсатҷумҳурии Эрон ироа мешавад


Ниҳоди нозири интихоботи Эрон рӯйхати номзадҳои тасдиқшудаи сабқати раёсатҷумҳурии ин кишварро эълон хоҳад кард.

Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи сешанбе Шӯрои нигаҳбон рӯйхати номзадҳои тасдиқшударо, ки ба сабқати раёсатҷумҳурии 14-уми июн роҳ ёфтаанд, ба вазорати корҳои дохилии Эрон пешкаш хоҳад кард.

Рӯзи душанбе сухангӯи Шӯрои нигаҳбон гуфт, номзадҳои аз нуқтаи назари ҷисмонӣ заиф ба интихобот роҳ нахоҳанд ёфт. Баъзе коршиносон мегӯянд, ин ишора ба собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ аст, ки 78 сол дорад.

Шӯрои нигаҳбон аллакай занони довталаби курсии президенти Эронро аз сабқат берун кард.

Раисҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ду дафъа паи ҳам президенти ин кишвар интихоб шудааст ва бар пояи қонун ҳақ надорад, дар ин интихобот сабқат намояд.
XS
SM
MD
LG