Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори кӯмаки молии БИР шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Бонки Исломии Руш хостааст, ки дар иҷрои лоиҳаҳои аҳамияти минтақвӣ дошта кӯмаки молӣ кунад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои мудирони БИР дар шаҳри Душанбе ибрози умедворӣ кард, ки Бонки Исломии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди хати интиқоли барқ аз Қирғизистон -Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон ва инчунин бунёди роҳи мошингарди Қулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон ва Тоҷикистон саҳм мегирад. Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин лоиҳаҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистон ҳастанд, балки аҳамияти муҳими минтақвӣ доранд.
XS
SM
MD
LG