Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои пурбинанда: Кай охирин бор некӣ кардаед?


Ин суоли ҷавони 19-сола аз Қазоқистон, мисли фарёди виҷдон садо дода, миллионҳо нафарро ба андеша водор кардааст.

Наворе, ки сокини 19-солаи шаҳри Талдиқурғони Қазоқистон, Аркадий Моряхин рӯзи 25-уми апрели соли равон дар шабакаи Ютюб нашр кард, то имрӯз аз тарафи 4 миллиону 128 ҳазор нафар дида шудааст.

Дар ин видеои зери сархатти “Дар дунё одамони хуб ҳам ҳастанд” порчаҳое гирдоварӣ ва васл шудаанд, ки накӯкории одамонро дар ҳолатҳои гуногун нишон медиҳанд. Ин наворҳоро афроди мухталиф аз дурбини мошинҳои худ ба шабака интиқол додаанд.

Дар суҳбат бо торнамои Nur.kz таҳиягари навор Аркадий Моряхин гуфтааст, мақсадаш ин буд, ки дар фавҷи наворҳои баду мудҳиш, ки беш аз ҳама бинанда доранд, як видеои сода, аммо неку зебо ва алтернативиро нашр кунад.

“Ба фикрам, ман системаро шикастам,” – гуфтааст ӯ, -- “дар атроҳф ҳамагӣ садамаҳои автомобилӣ, танкҳо дар кӯчаҳо ва чизҳои зиёди дигаре. Зидди ин ҳама нохушиҳо ман алтернативае ба миён овардам. Хостам, наворе аз рафтори неки инсонҳо ҷамъ оварам.”

Дар ҳақиқат, наворҳои дилбеҷокунандаи садамаҳо, занозанӣ, фаҳшо, куштор ва монанди инҳо аз пурбинандатарин осори шабакаҳои видеоии интернет ба шумор мераванд ва бо клипҳои мусиқӣ сабқат мекунанд. Кам иттифоқ меафтад, ки наворҳои одӣ ва нек таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ кашанд.

Рафтори пахшкунандагони наворҳо мисраи классикиро ба ёд меорад, ки “некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ.”

XS
SM
MD
LG