Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бадахшон тамрингоҳи нави низомӣ бунёд мешавад


Машқи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Бадахшон.

Машқи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Бадахшон.

Маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикии «Ҳифз -2013» субҳи имрӯз бо сафороӣ ва гузашти низомӣ дар фурудгоҳи Хоруғ поён ёфт.

Дар машқи ниҳоӣ, ки рӯзи 20-уми май сурат гирифт, зирепӯшу чархболҳо ва қушунҳои пиёданизомӣ гарнизони Хоруғ ҷалб шуданд. Вазири дифои Тоҷикистон дар маросими сафороӣ ба қобилияти мудофиавии нерӯҳои мусаллаҳ баҳои баланд дод.

Аммо интизор меравад, барои охирин бор машқҳои низомии густарда дар тамрингоҳи Тем, 5 километрии Хоруғ баргузор шаванд. Ба гуфтаи манобеъ, мутахассисони вазорати дифоъ аз маҳалли Ҷавшангози ноҳия Роштқалъа ва Мурғоб дидан карда, имконияти таъсиси тамрингоҳи нави ҳарбиро дур аз маҳалҳои аҳолинишин омӯхтанд.

Сухангуи вазорати дифоъ Фаридун Мамадалиев гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар то соли 2007-ум дар Бадахшон тамрингоҳи низомӣ надошт. Аммо бо беҳтар шудани имконияти молиявӣ ва фаннӣ, тамрингоҳи Тем боқӣ монда аз эҳтимол дур нест, барои машқҳои густардаи ҳарбӣ тамрингоҳи нав таъсис ёбад.

Рӯзи душанбе бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси ҳукумати вилояти Бадахшон Қодир Қосимов размоиши неруҳои мусаллаҳи Вазорати дифои Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Ин машқи низомӣ тайи ду ҳафтаи ахир идома дошт ва дар тамрингоҳи «Шитошош»-и маҳалли Поршинев, 5- километрии Хоруғ сурат гирифт.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 20-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки дар иртибот ба ҷамъбасти ин размоиш дар ҳукумати вилояти Бадахшон як нишаст бо ширкати вазири дифоъ баргузор гардид ва ба марҳилаҳои ин машқи низомӣ баҳои муносиб дода шуд.

Тӯли ин ду ҳафта, нерӯҳои вазорати дифоъ ба ҳадафи аслӣ, ки ҳамоҳангӣ ва омодабоши ҷузву томҳои вазорати дифои кишвар барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии берунӣ дар шароити кӯҳистон ба шумор мерафт, тамринҳо иҷро карданд. Пас аз амалиёти тобистони соли гузашта алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ, ки ҳудуди 70 кушта ба ҷо гузошт, ин нахустин машқи низомии густарда ва фарогир буд, ки дар Бадахшон сурат гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG