Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши вижаи ТВ-ҳои давлатӣ дар бораи Зайд Саидов


Шабакаҳои давлатии Телевизони Тоҷикистон шоми 20-уми май дар робита ба фаъолияти раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон гузориши вижа пахш намуда, ӯро бо ришватситонӣ, аз худ намудани замин ва изофанависӣ айбдор карданд. Лаҳни баёни гузориш ва наворҳои телевизион тунд буда кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки фаъолияти ӯро шӯруъ аз давраи вазири саноат буданаш то фаъолияти ахири соҳибкориаш бадном кунанд. Тавре кормандони телевизони Тоҷикистон гуфтанд, гузориш мазкур аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод пешниҳод шуда, муштаркан бо ин ниҳод таҳия шудааст. Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дирӯз аз ҳабси расмии Зайд Саидов иттилоъ дод. Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи Зайд Саидов ба "Озодӣ" гуфт, ки вай ин гузориши шабакаҳои телевизониро тамошо кардааст ва аз мақомоти дахлдор дархост хоҳанд кард, ки аз пахши чунин гузоришҳо худдорӣ карда шавад. Зерои танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард, ки айбдоршаванда гунаҳкор аст ё на.
XS
SM
MD
LG