Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои 80 миллиард $ барои маъмуриятҳои низомӣ ва хуруҷ аз Афғонистон


Ҷорҷ Литл, сухангӯи вазорати дифои Амрико.

Ҷорҷ Литл, сухангӯи вазорати дифои Амрико.

Вазорати дифои Амрико барои хуруҷи нерӯҳо ва маъмуриятҳи низомӣ дар Афғонистон дар соли 2014, аз Конгресси он кишвар тақрибан ҳаштод миллиард доллар хостааст.

Дархости 79,4 миллиард доллар дар соли 2014, ки маъмурияти низомӣ ва хуруҷи нерӯҳои амрикоиро дар бар мегирад, расман рӯзи ҷумъа ба Конгресси Амрико супурда шудааст. Сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ин шумора ҳудуди даҳ дарсад нисбат ба соли молии 2013 камтар аст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 63 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва интизор меравад 34 ҳазори онҳо дар моҳи феврали соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд. Сипас маъмурияти низомии артиши Амрико дар авохири соли 2014 ба поён хоҳад расид.

Аз соли моли 2013 то соли моли 2014, танҳо дар маъмурияти низомии Афғонистон ҳудуди 8 миллиард доллар коҳиш ба миён омадааст. Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико ин коҳиши даҳ дарсадиро рӯзи ҷумъа ба Конгресс пешниҳод карда буд.
Ба назари коршиносон, коҳиши будҷаи низомии Амрико, эҳтимолан боис хоҳад шуд, ки Вошингтон шумораи сарбозонашро дар Афғонистон коҳиш диҳад.

Амрико ва Афғонистон тавофуқномаи ҳамкориҳои дарозмуддати стратегиро дар моҳи майи соли гузашта имзо карданд, аммо гуфтугӯҳо дар мавриди тавофуқномаи амниятӣ миёни ду кишвар идома дорад.

Амрико аз Афғонистон 9 пойгоҳи низомӣ мехоҳад, аммо то ҳоло теъдоди сарбозони амрикоие, ки қарор аст баъд аз соли 2014-и мелодӣ ин кишвар бимонанд, муъайян нашудааст. Бархе пешбиниҳои нишон медиҳанд, ки ин шумораи сарбозони амрикоӣ дар ниҳоят аз даҳ ҳазор бештар нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG