Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи Кумитаи эътилоф боз ба таъхир афтод


Шӯрои Маҷлиси Намояндагон баррасии тарҳи тағйиру иловаҳо ба «қонуни интиихоботи президенти Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи Кумитаи эътилоф пешниҳод шуда буд, ба таъхир гузошт.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва муовинин раиси Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 21-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи рӯзи душанбеи Шӯрои МН мебоист масъалаи тарҳи пешниҳодии Кумитаи эътилоф мавриди баррасӣ қарор гирифта ва барои муҳокима ба кумитаҳои палатаи поёнӣ ирсол дошта мешуд, вале онро дар феҳрасти ворид накарданд.

Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ваъда дод, ки ҳафтаи оянда ин тарҳро ба руйхати масъалаҳо ворид хоҳанд кард. Ҳамин тавр пас аз ислоҳи баъзе нуктаҳои тарҳи мазкур, вакилони порлумон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ дубора онро дар ҳафтаи гузашта ба парлумон пешниҳод карданд. Саидумар Ҳусайнӣ изҳори умедворӣ намуда, ки дар ҳафтаи оянда Шӯро ин тарҳро баррасӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19-уми май Кумитаи эътилоф дар як баёния зарурати баррасии тарҳи мазкур, ба вижа ду моддаи қонуни интихоботи президентро муҳим арзёбӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG