Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Билетфурӯши истаравшание, ки 120 муҳоҷири озими Русияро саргардон кард, боздошт шудааст, вале сарнавишти мусофирони фиребхӯрда норӯшан боқӣ мемонад.

Ин мардум, ки шуморашон то 120 нафар гуфта мешавад, бояд ҳанӯз ҳафтаи гузашта аз фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвоз мекарданд.

Яке аз мусофирони парвози Хуҷанд - Маскав, ки ҳанӯз ҳафтаи гузашта аз фурудгоҳи Хуҷанд ба маркази Радиои Озодӣ дар Прага занг зада буд, рӯзи 20 май дар сӯҳбати дувуми телефонӣ гуфт, ки вазъ то ба ҳол тақрибан тағйир наёфтааст: “Шароити мо вазнин аст. Мо дар фурудгоҳ ва дар кӯчаҳо бесарпаноҳ гаштаем. Чаро ба мо ваъда доданд, вале 7-8 рӯз аз ин кор мегузарад ва то ҳол ҳеҷ натиҷа нест?”

Ба гуфтаи ин мусофир, аз ононе ки ӯ мешиносад, танҳо се нафар бо кумаки хешовандонашон дубора билет харида, ба Русия парвоз кардаанд. Аксари мусофирони аз сафар маҳрумшуда аз 13 май ба ин сӯ дар Истаравшан ба сар мебаранд ва умедворанд, ки пули билетҳояшонро аз билетфурӯш пас бигиранд. Худи билетфурӯш, ки аз вай Хусрав ном мебаранд, дар боздошт будааст ва ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад.

Ин мусофир мегӯяд, ки хоҳарони Хусрав аз мусофирони маҳрум хостаанд, ки ба ҷое шикоят набаранд ва онҳо, яъне хоҳаронаш пули билети онҳоро барояшон бармегардонанд. Вале ба гуфтаи ин мусофир, се хоҳари Хусрав ба баъзе мусофирон ваъда додаанд, ки ба ҷои 2 500 сомонӣ ба онҳо 1500 сомонӣ бармегардонанд ва он ҳам, ба гуфтаи онҳо, барояшон бояд “давлати бузург” бошад.

Дар мусоҳибае аз Матлуба Баротова - яке аз масъулони додситонии нақлиёти вилояти Суғд пурсидам, оё зарари молӣ ва маънавии мусофирони маҳрум аз сафар ҷуброн карда мешавад? Вай чунин гуфт: “Парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ҷабрдидаҳо зиёда аз 120 нафаранд. Тафтишот идома дорад. Дар рафти тафтишот ба ҳамаи ҷабрдидаҳо зарарҳои расондашуда аз ҷониби шахси зараррасонда барқарор карда мешавад. Тафтишоти ҷиноятӣ зиёд бошад, то шаш моҳ давом мекунад. Лекин аз рӯи кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дар навбати аввал ду моҳ дар назар гирифта шудааст.”

Ин парвандаро ҳоло шӯъбаи нақлиёти раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд тафтиш мекунад ва қарор аст, то 10-15 рӯз натоиҷи таҳқиқоташро ба додситонӣ равон кунад. Абдусалом Ҷалилов - навбатдори раёсати корҳои дохилаи вилоят ба радиои Озодӣ гуфт: “Кормандони мо, яъне муфаттишони шӯъбаи нақлиёт дар раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ин парвандаро таҳқиқ мекунанд. Вақте ки маводро пурра карданд, ба додситонӣ месупоранд. 10-15 рӯз вақт меравад. Пулашон намесӯзад. Онро ҳаматарафа таҳқиқ мекунанд ва вазорат пули онҳоро бармегардонад.”

Бо ин ки аз вақти парвози мусофирони маҳрум аз сафар қариб як ҳафта мегузарад, рафту омади онҳо аз Хуҷанд ба Истаравшан ва аз Истаравшан ба Хуҷанд қатъ нашудааст. Аксари онҳо дар бораи билетҳои қалбакии худ ариза навишта, ба бахши милисаи фурудгоҳи Хуҷанд ва шӯъбаи корҳои дохилаи Истаравшан супурдаанд.

Фурқат Нишонов - муфаттиши парванда аз шӯъбаи нақлиёти раёсати корҳои дохилаи Суғд мегӯяд: “Ҳам аз тарафи шӯъбаи вазорати корҳои дохила дар шаҳри Истаравшан ва ҳам аз тарафи шӯъбаи корҳои дохила дар нақлиёти вилояти Суғд расидагӣ ба парванда идома дорад. Бар зидди ҳамин шахси гумонбар, яъне билетфурӯш чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс ба иҷро даромадааст. Мо ҳамаи чораҳоро дида истодаем, ки ҳамаи зарари молӣ ва маънавие, ки ба шаҳрвандон расонида шудааст, дар муддати кӯтоҳтарин барқарор намоем”.

Фурқат Нишонов дар бораи ин муддате, ки дар назар дорад, чизе нагуфт ва ишора кард, ки он ба ҷараёни расидагӣ вобаста аст. Вале пешниҳод мекунад, ки мусофирон метавонанд бо кумаки молии хешовандон билети дигар бигиранд ва сафарашонро идома диҳанд, то вақташонро аз даст надиҳанд. Бо назардошти аризаи онҳо хешовандонашон метавонанд пули билети онҳо ва зарари маънавии онҳоро баъд аз содир шудани ҳукми додгоҳ бигиранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG