Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати интернетии Yahoo мегӯяд, ки торнамои машҳури блогнависии Tumblr-ро ба арзиши 1,1 миллиард доллар хиридорӣ мекунад. Ин тавофуқот рӯзи душанбе дар Ню Йорк эълон шуд.

Аз соли гузашта то ба ҳол, яъне аз замоне, ки Мариса Майер аз Google ба Yahoo гузашт, ин бузургтарин дастоварди Yahoo ба шумор меравад. Хонум Мариса мехоҳад, ки аз ин роҳ ба корбарони ҷавони интернет бештар дастрасӣ пайдо кунад.

Tumblr шаш соли пеш ташкил шуда буд ва ба корбарон имкон медиҳад, ки матну навор ва аксҳои худро дар интернет гузоранд. Ин кор дар байни ҷавонон алоқамандони зиёд дорад.

Ширкатҳо мегӯянд, ки бо вуҷуди ин Tumblr фаъолияти худро мустақилона пеш мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG