Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тир хӯрдани як тоҷик дар Самара тасдиқ нашуд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари аз тири пулиси рус ҷароҳат бардоштани як шаҳрванди тоҷик дар шаҳри Самараро радд кард. Сухангӯи ин сафорат Муҳаммади Эгамзод хабар дод, ки консулгариҳои Тоҷикистон дар Маскаву Уфа дақиқ кардааст, ки дар он ҳодиса як шаҳрванди қафқозитабори Русия захмӣ шудааст, на тоҷик. Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия хабар дод, ки рӯзи 17 май ҳангоми боздошти шахси муттаҳам ба дуздӣ дар як рустои ноҳияи Шигони вилояти Самара, афсари полис тасодуфан ба тарафи ӯ тир холӣ намуда, ӯро аз пушташ маҷрӯҳ кардааст. Интерфакс аз қавли мақомоти пулис гуфта буд, ки нафари тирхӯрда як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG