Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маргталаб дар Пули Хумрӣ 11 нафарро ба қатл расонд


Толибони Афғонистон масъулияти ҳамлаи маргталабона дар шимоли ин кишварро бар ӯҳда гирифтанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар ин ҳамла дастикам 14 нафар, аз ҷумла сиёсатмадорони аршади вилояти низ кушта шудаанд.

Содиқ Муродӣ-муовини фармондеҳи пулиси вилояти Бағлон гуфт, ки ин маргталаб худро бо камарбанди маводи мунфаҷира дар назидкии бинои Шӯрои шаҳрии Пули Хумрӣ таркондааст.

Ба гуфтаи Содиқ Муродӣ, Расул Мӯҳсинӣ-раиси Шӯрои вилоятӣ ва баъзе аз посбонони вай низ кушта шудаанд.

Зубайр Акбарӣ-мақоми беҳдошти вилоят қатли Мӯҳсинӣ ва 3 нафар посбонони вайро таъйид кард. Ба гуфтаи Акбарӣ, 7 нафар сокинони дигар низ дар ин ҳамла кушта шудаанд
.
XS
SM
MD
LG