Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди озарӣ ва ронандааш аз зиндони Эрон раҳо шуданд


Хонум Ҳалида Ҳалид-донишманди эронӣ ва ронандаи вай аз зиндоне дар Эрон раҳо шудаанд. Элдар Иброҳимов-қонунгузори озарбойҷонӣ, ки ҳоло дар Теҳрон аст, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар шаҳрвандони кишвараш рӯзи якшанбе раҳо шудаанд. Рӯзи душанбе сафири Озарбойҷон дар Теҳрон низ ин хабарро таъйид кард.

Ин ду нафар 30 апрел дар Табриз боздошт шуда буданд ва аз он вақт то ба ҳол консули Озарбойҷон дар ин шаҳр раҳоии онон ва чаҳор нафари дигар аз фаъолони озаритабори Эронро тақозо мекард.

Моҳҳои ахир муносибатҳои миёни Боку ва Теҳрон сард шудааст. Соли гузашта 2 шаҳрванди Озарбойҷон дар Табриз боздошт ва чанд моҳ дар зиндон нигаҳдорӣ шуданд. Ҷониби Эрон иддао мекард, ки онҳо дар устони Озарбойҷони шарқии Эрон ба таблиғоти ҷудоихоҳӣ машғул будаанд.

Озарбойҷон ҳам 22 шаҳрванди Эронро гӯё барои ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт карда буд.
XS
SM
MD
LG