Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми Аврупо рӯи дастони Комроншоҳи Устопириён


Комроншоҳи Устопириён (аз рост)

Комроншоҳи Устопириён (аз рост)

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон, ки рӯзҳои 18-19-уми май дар Украина барпо гардид, медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқа дар шаҳри Киев бо ширкати 351 варзишгар (242 писар ва 109 духтар) аз 23 кишвар баргузор шуд. Ҳамчунин дар ин мусобиқаи кушодаи қитъавӣ гуштигирони ду кишвари Осиё – Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок доштанд.

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бар рақибонаш Диловар Ширвонлӣ (Озарбойҷон), Евгений Кантседал (Украина), Ниёз Билолов (Русия) пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар нимфинал Андрей Гордиенкои украинро шикаст дод ва ба финал баромад. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Измаил Хамхоев аз Русия ғолиб омад ва мақоми аввалро касб кард.

Вале паҳлавони дигари тоҷик Саидмуҳаммад Саидов дар вазни то 90 кг дар нахустин рақобати худ аз Абдумалик Бобоев аз Узбакистон шикаст хӯрд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров низ ноком гашт. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 66 кг аз даври аввал озод буд ва дар даври дувум аз Дмитро Евдошенко (Украина) мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Хасавюрти Доғистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар Ҷоми Аврупо дар Киев дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Украина бо касби 20 медал, аз он ҷумла 6 тилло ғолиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 18 медал, минҷумла 3 нишони тилло дувум гашт. Дастаи мунтахаби Британияи Кабир бо касби 2 медали тилло ва 3 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаҳои Маҷористон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон яктоӣ медали тилло ба даст оварданд. Давраҳои минбаъдаи Ҷоми Аврупо (U-21) рӯзҳои 25-26-уми май дар шаҳри Ла-Коруняи Испания ва 1-2-юми июн дар Лейбнитси Австрия барпо мегарданд.
Комроншоҳ ва падараш Усто Устопириён

Комроншоҳ ва падараш Усто Устопириён

Ғолибони Ҷоми Аврупо (U-21) миёни навҷавонон: -55 кг - Акос БАРТА (Маҷористон), -60 кг – Рашад РУФУЛЛОЕВ (Озарбойҷон), -66 кг - Антон ЧИГУРЯК (Украина), -73 кг – Гуйзҷон БОБОЕВ (Узбакистон), -81 кг – Игор ШОСТАК (Украина), -90 кг – Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон), -100 кг – Олег АБАЕВ (Русия), +100 кг – Якив ХАММО (Украина).

Устод ва падари Комроншоҳ мураббии варзидаи гуштӣ Усто Устопириён дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “ Комроншоҳ рӯзи чоршанбе, 22-юми май ба Душанбе меояд ва дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Баъдан ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба Куриёи Ҷанубӣ сафар мекунад ва дар шаҳри Сеул дар чемпионати Осиё оид ба самбо иштирок мекунад. Сипас Комроншоҳ дар машқҳои дастаҷамъӣ дар Русия иштирок намуда, ба Универсиадаи Қазон омодагӣ мебинад. Инчунин, имсол вай дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Юнон (аз 10-ум то 14-уми октябр), чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Словения (моҳи октябр) ва охири сол дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Чин ҳунарнамоӣ хоҳад кард.”


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG