Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав як дипломати амрикоиро ихроҷ кард


Райан Кристофер Фогл.

Райан Кристофер Фогл.

Як корманди сафорати Амрико дар Маскав, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд, хоки Русияро тарк кард.

Телевизиони давлатии Русия рӯзи якшанбе аз хуруҷи корманди сафорати Амрико аз ин кишвар хабар дод, ки шанбеи гузашта ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд. Дар тасовире, ки аз ин шабака пахш шуд, Райан Кристофер Фогл дар ҳоли убур аз қисмати бозрасии фурудгоҳи Маскав дида мешавад.

Русия мегӯяд, ин дипломати амрикоӣ- Райан Кристофер Фогл, мехост як афсари амниятиии Русияро ба ҷосуси CIA ва ё Хадамоти Истихборотии Амрико табдил диҳад. Маскав ӯро «унсури номатлуб» хонда ва хостори хуруҷаш аз Русия шуда буд.





Дар видеое, ки дар бора пахш шуд, муйҳои сохта, як қутбнамо, нақшаи шаҳри Маводе, ки Маскав иддао дорад оқои Фогл бо худ доштааст.

Маводе, ки Маскав иддао дорад оқои Фогл бо худ доштааст.

Маскав ва хатлаи пур аз пул низ нишон дода шуд, ки ба гузориши телевизиони Русия, ин корманди сафорати Амрико бо худ доштааст.

Ба гуфтаи Русия оқои Фогл ба ҳайси котиби сеюми дафтари сиёсии сафорати Амрико дар Маскав кор мекардааст. Сафорати Амрико дар Русия аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст.

Ба дунболи боздошти ин дипломати амрикоӣ, президенти Русия Владимир Путин гуфт, кӯшиши дипломати амрикоӣ ба хотири истихдоми афсари хадамоти амнияти Русия ба кӯшишҳои беҳбуди равобити миёни ИМА ва Русия кӯмак нахоҳад кард. Рӯзи чоршанбе баъди даъвати сафири Амрико Майкл Макфаул ба вазорати корҳои хориҷии Русия, Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия дар ин бора ташреҳ дод.
XS
SM
MD
LG