Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакпарронии Пхенян идома дорад


Гузаргоҳи бастаи марзӣ миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ
Гузаргоҳи бастаи марзӣ миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ
Рӯзи якшанбе Кореяи Ҷанубӣ гуфт, Кореяи Шимолӣ аз соҳилҳои шарқиаш боз як мушаки бурди кӯтоҳро партоб намудааст.

Ин чорумин партоби мушак дар ду рӯзи ахир будааст. Рӯзи шанбе мақомоти Пхенян аз соҳилҳои шарқиашон се мушаки бурди кӯтоҳро партоб намуда буданд.

Сухангӯи вазорати муттаҳидшавии Кореяи Ҷанубӣ Ким Ҳюнг Сеок пеш аз мушакпарронии рӯзи якшанбе гуфта буд, партоби мушакҳо, ки ба назму суботи минтақа таҳдид мекунанд, бояд фавран қатъ гардад.

Рӯзи якшанбе дар Маскав дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, ӯ аз амали ахири Кореяи Шимолӣ дар ташвиш буда, мақомоти Пхенянро ба бозгашт сари мизи музкокирот бо кишварҳои пешрафтаи олам даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG