Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Чин дар аввалин сафараш ба Ҳинд рафт


 Сарвазири Нави Чин Лӣ Кетсианг

Сарвазири Нави Чин Лӣ Кетсианг

Сарвазири Нави Чин Лӣ Кетсианг дар аввалин сафари хориҷиаш баъди ишғоли ин мансаб рӯзи якшанбе ба Ҳиндустон сафар кард.

Дар ин боздиди серӯза Лӣ кӯшиш хоҳад кард, баҳсҳои миёни ду кишварро, ки даҳсолаҳо боз идома доранд, ҳал намуда, баҳри рушди равобити иқтисодии байни ду кишвари сераҳолитарини олам талош варзад.

Моҳи гузашта Ҳиндустон нерӯҳои Чинро бо убури марзи миёни ду кишвар дар минтақаи Ҳимолой муттаҳам кард. Баҳс рӯи минтақаи Ладах аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта идома дорад.

Баъди боздиди Ҳиндустон Лӣ ба Покистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG