Пайвандҳои дастрасӣ

Мардумшиноси тоҷик Раҳмат Раҳимов рӯзи 15-уми май дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз дунё даргузашт.

Раҳмат Раҳимов соли 1938 ба дунё омада, соли 1965 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград(Санкт-Петербурги кунунӣ)-ро бо ихтисоси эроншиносӣ хатм кардааст.

Доктори улуми таърих Раҳмат Раҳимов аз соли 1972 то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ дар бахши Осиёи Миёна ва фарҳанги динии мардуми тоҷик дар Осорхонаи антропологӣ ва этнографии ба номи Пётри Кабир кор карда, дар ҳаминҷо аз як ходими хурди илмӣ то мақоми ходими аршади илмӣ расидааст. Осорхонаи Пётри Кабир бештар бо номи Кунсткамера маъруф аст.





Раҳмат Раҳимов соли 1977 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи масоили ниҳодҳои анъанавии сохтори иҷтимоии мардуми тоҷик ҳимоя карда, соли 1999 бо рисолаи “Ҷаҳонбинии анъанавии тоҷикон: масоили рамзҳову улгуҳо дар фарҳанг” ба унвони доктори улуми таърих сазовор шуд. Ба гуфтаи шогирдаш Марям Ризвон, ки низ дар Кунсткамера кор мекунад, дар солҳои охири умраш устод Раҳимов машғули таҳқиқи таҷрубаи зиёрат ва парастиши авлиё дар миёни аҳолии ғайрикӯчманчии Осиёи Марказӣ дар мисоли мардуми Тоҷикистону Узбакистон машғул будааст.

Гуфта мешавад, аз Раҳмат Раҳимов беш аз 130 кори илмӣ пиромуни масоили мухталифи фарҳанг ва мазҳаби тоҷикони Тоҷикистону Узбакистон, аз ҷумла ду монография - «Мужские дома» в традиционной культуре таджиков» («Мардхонаҳо дар фарҳанги анъанавии тоҷикон»), ки нашриёти “Наука” соли 1991 нашр кардааст, ва «Коран и розовое пламя (Размышления о таджикской культуре)» (“Қуръон ва алангаи гулобӣ(андешаҳо дар бораи фарҳанги тоҷикӣ)”, ки дар ҳамон нашриёти Петербург соли 2007 чоп шуд, боқӣ мондаанд. "Туфулият дар фарҳанги суннатии мардумони Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Қафқоз", «Хушунат дар фарҳанги тоҷикон» низ аз ҷумлаи таълифоти ӯ ба шумор мераванд. Намоишгоҳи соли 1996 ташкилкардаи осорхонаи Пётри Кабир дар мавзӯъи “Матоъҳои абрешим аз хазинаи дарборҳо” ва намоишгоҳи “Шаҳр ва дашт дар Роҳи Абрешим”, ки соли 1991 дар Дания доир шуд, низ бо заҳмати ин бостоншиноси маъруфи тоҷики муқими Петербург созмон ёфтаанд.

Раҳмат Раҳимов ба унвони як донишманди ватандӯст аз худ таълифоте дар заминаҳои таъриху суннатҳои кӯҳандиёри худ боқӣ гузоштааст ва таълифоташ ба унвони манбаъ ва маъхази мӯътамад дар омӯзиши фарҳанг, тамаддун ва мардумшиносии минтақаи Осиёи Миёна пазируфта шудаанд. Шогирдаш Марям Ризвон Раҳмат Раҳимовро аз муҳаққиқони хеле варзидаи масоили мардумшиносии минтақа мешуморад, ки канда шудани риштаи умраш холигоҳи бузургеро дар ин бахш эҷод мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG