Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FILA қоидаи қуваозмоиҳои гуштиро тағйир дод


Иттиҳодияи байналмилалии гуштӣ (FILA) қоидаи мусобиқаҳои ин навъи бостонии варзишро тағйир дод, то аз бозиҳои олимпӣ берун намонад.

Рӯзи шанбе дар ҷаласаи навбатии FILA дар шаҳри Маскав қоидаҳои нав эълон шуданд. Акнун низоми холдиҳӣ ё худ тақдими имтиёз дигар мешавад.

Занон имкони бештари сабқат пайдо мекунанд ва қуваозмоӣ аз ду бахши седақиқагӣ иборат буд. Қаблан сабқат аз се бахши дудақиқагӣ иборат буд.

Мақомоти Иттиҳодияи байналмилалии гуштӣ мегӯянд, тағйири воридшуда қуваозмоиро ҷолибтар ва фаҳмиши онро осонтар мекунад.

Моҳи феврал Кумитаи байналмилалии олимпӣ машварат дода буд, ки гуштӣ аз рӯйхати бозиҳои олимпии соли 2020-ум хориҷ карда шавад.

Бо ин ҳол гуштӣ дар як рӯйхат бо 7 намуди дигари варзиш ва аз ҷумла сквош, сабқат бо ролик ва каратэ барои як ҷои холӣ дар рӯйхати намудҳои варзише, ки дар бозиҳои олимпии соли 2020-ум роҳ дода мешаванд, мубориза мебарад.

Раиси FILA Ненад Лалович изҳори умед кардааст, ки ин навоварӣ гуштиро дар бозиҳои олимпӣ нигаҳ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG