Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи дави миллӣ дар пойтахт

Рӯзи дави миллӣ дар пойтахт

Дар Рӯзи дави миллӣ, ки 19-уми май дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор шуд, ҳудуди 400 000 афроди синну соли гуногун ширкат карданд.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев ба радиои Озодӣ гуфт, “ин пойгаи анъанавии оммавӣ бо ҳар якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад. Мақсад аз ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳарчӣ бештар ҷалб кардани аҳолӣ мебошад. Ширкаткунандагони Рӯзи дави миллӣ дар пойга ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр рақобат карданд. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда шуд.”

Ба иттилоъи ҷаноби Мирзоев, Рӯзи дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом расид.

Дар давидан ба масофаи 10 километр миёни занон Дилшода Раҳмонова пирӯз шуд. Муниса Раҳимова ҷойи дувум, Нилуфар Мирзоева ҷойи севум, Нодира Мирзоева ҷойи чорум ва Асалбӣ Сафарова ҷойи панҷумро гирифтанд.

Дар пойгаи мардон ба масофаи 10 километр Ҳасан Ғафуров ғолиб омад. Меҳрубон Шамсиддинов ҷойи дувум, Ворис Бобоев ҷойи севум, Сафархон Муродов ҷойи чорум ва Боҳирҷон Оқилов ҷойи панҷумро гирифтанд. Миёни собиқадорони синнашон аз 60-сола боло Шарифхон Шералиев ва Сайдалӣ Наҷмиддинов натиҷаҳои хуб нишон доданд.

Ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга дар шаҳри Душанбе бо мукофоти пулӣ ба маблағи аз 450 то 1500 сомонӣ сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG