Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони русро сербҳои Хорватия куштаанд?


Хабаргузориҳои Хорватия иттилоъ медиҳанд, ки собиқ муовини фармондеҳи сербҳои Хорватия бо иттиҳоми куштори рӯзноманигорони телевизиони Русия дар соли 1991-ум боздошт шудааст.

Тибқи гузоришҳо Элийан Чизмич дар шаҳри Загреб ба ҳабс гирифта шуд. Хабарнигорони рус моҳи сентябри соли 1991-ум ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи бархӯрдҳо миёни нерӯҳои Хорватия ва сербҳои муқими ин кишвар бе ному нишон шуда буданд.

Назар ба гузоришҳои расида масъулияти куштори хабарнигорони рус бар дӯши нерӯҳои зери раҳбарии Чизмич мебошад.

Дар назди деҳаи Панйании шаҳри Хорватска Костайнитса, воқеъ дар ҷануби Загреб, муҷассамае ба ёди ин хабарнигорон рус гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG