Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон 2 нафарро бо ҷурми ҷосусӣ эъдом кард


Рӯзи якшанбе мақомоти Эрон ду нафарро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Исроил ва ИМА ба дор овехтанд.

Хабаргузории ИСНО аз нақли додситонии Теҳрон овардааст, ки Муҳаммад Ҳайдарӣ ва Куруш Аҳмадӣ маълумоти пинҳониро ҷамъ намуда, ба идораҳои иктишофии Исроил ва ИМА фурӯхтаанд.

Дар изҳорот чизе дар бораи замони иҷрои ин ҳукм, ки аз тарафи Додгоҳии олии Эрон низ тасдиқ шудааст, гуфта нашудааст. Эрон ИМА ва Исроилро бо харобкорӣ бар зидди барномаи ҳастаияш муттаҳам мекунад.

Соли гузашта дар моҳи май Эрон Маҷид Ҷамолӣ Фоширо бо ҷосусӣ ба нафъи Исроил ва ҳамдастӣ дар куштори як пажӯҳишгари ҳастаии Эрон дар моҳи январи соли 2010-ум муҷрим донистанд.
XS
SM
MD
LG