Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони се гурӯҳи мухолифи ҳукумати Украина, ки дар парламенти ин кишвар фраксия доранд, мувофиқат кардаанд, дар интихоботи соли 2015-ум аз як номзади мухолифи президент Виктор Янукович пуштибонӣ кунанд.

Раҳбарони гурӯҳҳои Свобода, УДАР ва гурӯҳи ватандӯстон касеро мушаххасан номбар накарданд, вале даъват намуданд, ки ба хотири ноком намудани “режими зиддиукраинӣ ва мафияи хонаводагии Янукович” тамоми мухолифин муттаҳид шаванд.

Баъзе мухолифини ҳукумат ва аз ҷумла собиқ вазири мудофиа Анатолий Ҳристенко, мухолифинро танқид карданд ва гуфтанд, ки онҳо мебоист дар мавриди номзади ягона ба созиш меомаданд.

Рӯзи шанбе дар пойтахти Украина гирдиҳамоиҳои мухолифин ва тарафдорони ҳукумати ин кишвар барпо шуданд, ки тибқи иддаои ҷонибҳо дар ҳар яке аз он гирдиҳамоиҳо 50 ҳазор нафарӣ иштирок доштааст.
XS
SM
MD
LG