Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон аз тири пулиси рус маҷруҳ шуд


Дар шаҳри Самараи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷароҳат аз тири афсари полис ба бемористон интиқол ёфтааст.

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз нақли дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии ин кишвар овардааст, ки аснои боздошти шахси муттаҳам бо дуздӣ, афсари полис тасодуфан ба тарафи ӯ тир холӣ намуда, ӯро аз пушташ маҷрӯҳ кардааст. Ба қавли ходимони маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Русия, ҳодиса рӯзи ҷумъа дар деҳаи Березовкии ноҳияи Шигони вилояти Самара ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳамин манбаъ афзудааст, ки афсари 31-солаи идораи тафтишоти ҷиноӣ ҳангоми таъқиби як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки бо дуздӣ муттаҳам мешуд, пешпо хӯрда, тасодуфан ба тарафи ин шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ карда, ӯро аз пушташ маҷрӯҳ намудааст. Ҳоло шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷароҳат ба шифохона интиқол ёфта, тафтиши хидматии ин ҳодиса шурӯъ шудааст.

Ба навиштаи "Интерфакс" дар тирдони афсари полис ягон тир боқӣ намонда буд, яъне тири ҳаштум шаҳрванди Тоҷикистонро маҷрӯҳ намудааст. Афсари полис иддаоро доштааст, ки ҳафт тири аввалро ба ҳаво паррондааст, то муттаҳам таваққуф кунад.

Ҳодисаҳои тирпаррони афсарони ниҳодҳои интизомии Русия бар зидди муҳоҷирони кории тоҷики муқими ин кишвар борҳо гузориш дода шудаанд. Моҳи январ ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ҳам як шаҳрванди Тоҷикистон аз тири полиси Русия маҷрӯҳ шуда буд. Ҳамроҳони ӯро полис боздошт кард.

Моҳҳои ахир дар чорчӯби мубориза бо ифротгароии исломӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия чандин амалиёти нерӯҳои интизомӣ раҳандозӣ шудааст, ки дар рафти он даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи мақомоти Русия боздошт шуда ва шуморе ҳам муҷозот шудаанд. Ҳафтаи равон сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълон кард, ки бо ҳадафи ҳалли мушкили шаҳрвандонаш дар Русия, як ситоди вижа таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG