Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти бостоншиноси тоҷик дар Санкт-Петербург


Бостоншиноси тоҷик Раҳмат Раҳимов рӯзи 15-уми май дар сини 75-солагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз дунё даргузашт. Доктори улуми таърих Раҳмат Раҳимов то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ ба унвони корманди калони илмӣ дар Осорхонаи антропологӣ ва этнографии ба номи Пётри Кабир (бахши Осиёи Миёна, фарҳанги динии тоҷикон) машғули пажӯҳиш ва таҳқиқ буд. Ӯ ба унвони як донишманди ватандӯст аз худ таълифоте дар заминаҳои таъриху суннатҳои куҳандиёри худ боқӣ гузошт ва таълифоташ ба унвони манбаъ ва маъхази муътамад дар омӯзиши фарҳанг, тамаддун ва бостоншиносии минтақаи Осиёи Миёна, пазируфта шудаанд. «Мардхонаҳо дар фарҳанги суннатии тоҷикон», "Туфулият дар фарҳанги суннатии мардумони Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Қафқоз, «Хушунат дар фарҳанги тоҷикон» аз ҷумлаи таълифоти ӯ ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG