Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 75 кушта бар асари хушунатҳои ахири Ироқ


Дар силсилаи бомбгузориҳои ахири Ироқ, ки зоҳиран ҳадаф аз он мусулмонони суннимазҳаб будаанд, камаш 75 нафар ба ҳалокат расиданд.

Пеш аз он: рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе, як силсила ҳамлаҳо болои мусулмонони шиамазҳаби Ироқ ба қайд гирифта шуданд.

Бузургтарин ҳамлаи рӯзи ҷумъа дар назди масҷиди мусулмонони суннимазҳаби шаҳри Баъқуба ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи ду таркиш беш аз 40 кас кушта шуданд. 20 нафари дигар дар натиҷаи бомбгузорӣ дар яке аз маҳаллаҳои сунниҳои Бағдод ҳалок шуданд.

Бомбгузориҳо ҳамчунон дар шаҳрҳои Фаллуҷа ва Мадоин ҳам ҷой доштаанд. Ҷангҷӯёни суннӣ ҳукумати зери раҳбарии шиаҳои Ироқро бо табъизи мусулмонони суннӣ муттаҳам мекунанд.

Моҳи апрел хушунатҳои Ироқ ҳаёти беш аз 700 нафарро аз байн бурдаанд.
XS
SM
MD
LG