Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА содироти силоҳи Русия ба Сурияро танқид кард


Чак Ҳейгел-вазири мудофиаи ИМА (аз чап) ва Мартин Демпсӣ-фаромндеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА (аз рост)
Чак Ҳейгел-вазири мудофиаи ИМА (аз чап) ва Мартин Демпсӣ-фаромндеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА (аз рост)
Фармондеҳи баландпояи ИМА Русияро ба хотири фурӯши мушакҳои зидди киштӣ ба режими президенти Сурия Башор ал-Асад танқид намуда, афзудааст, ки ин содироти силоҳ ҷанги Сурияро амиқтар хоҳад кард.

Изҳороти генерал Мартин Демпсӣ фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар пайи нашри гузориши рӯзномаи “Нюйорк Таймс” дар бораи вуруди аслиҳаи Русия ба Сурия нашр шуд. Ба гуфтаи муаллифони гузориш ахиран Русия ба ҳукумати Сурия мушакҳои зидди киштӣ бо номи Яхонт ирсол намудааст, ки дорои радарҳои муосир мебошанд. Дар ин бора генерал Демпсӣ мегӯяд:

Ин дар беҳтарин ҳолат як қарори номуваффақест, ки режими Сурияро ҷасур намуда, азияти мардумро тамдид хоҳад дод. Вақти он ҳам хуб нест ва мояи таассуф аст.”

Генерал Демпсӣ мегӯяд, бо ин гуна аслиҳа режими Башор ал-Асад худро дар амнияти бештар ҳис мекунад.

Русия иброз доштааст, ки фурӯши силоҳ ба режими Сурияро қатъ нахоҳад кард.
Дар ҳоле ки Русия аз ҳомиёни асосии режими президенти Сурия Башор ал-Асад ба шумор меравад, ИМА аз мухолифини ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунад.

Сарфи назар аз ихтилофҳо Вашингтону Маскав мувофиқат кардаанд, ки бо ҳадафи хатми ҷанги Сурияро як конфронси байналмилалӣ ташкил намоянд. Ҳарчанд ки то ҳанӯз замони баргузории он ташхис нашудааст.
XS
SM
MD
LG