Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонунгузорони афғон ҳимояти занонро баҳс накарданд


Рӯзи шанбе вакилони мардумии афғон қонуни ҷилавгирӣ аз хушунат бар зидди занонро баррасӣ намуданд.

Ба қавли хабарнигорон баҳси ин масъала ҳамагӣ чанд дақиқа давом карду зери фишори вакилони мардумӣ раиси парламент онро мутаваққиф намуд. Вакилон ин қонунро зиддиисломӣ унвон доданд.

Ин қонун бояд занонро аз хушунат, таҷовуз ба номус, шавҳардиҳии маҷбурӣ ҳимоят карда, фурӯши занон ба хотири ҳалли баҳсҳоро манъ намояд. Қонуни ёдшуда дар соли 2009-ум бо фармони президенти Афғонистон матраҳ шуда буд, вале вакилони мардумӣ онро қабул накарда буданд.
XS
SM
MD
LG