Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар панҷ сол 3,5 ҳазор тоҷикистонӣ ба Русия кӯч бастанд


Танҳо тариқи барномаи ихтиёрӣ кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, дар 5 соли ахир аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 3500 нафар кӯч бастаанд.

Тибқи маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати федеролии Русия дар Тоҷикистон, тайи ин муддат барои иштирок дар ин барномаи давлатии Русия наздики 22 ҳазор тоҷикистонӣ ба Хадамоти муҳоҷирати федеролии Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Анвари Ҳидоятзода, сокини 55 - солаи ноҳияи Шаҳринав тақрибан 10 сол пеш деҳаҳои шаҳри Липетски Русияро барои кору зиндагӣ интихоб кард. Ӯ мегӯяд, баъд аз панҷ соли муҳоҷират дар ғурбат тавонист шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварад ва ҳамин тавр 4 фарзанду ҳамсарашро низ бо худ бубарад.

Феълан оилаи Ҳидоятзодаҳо Русияро ватани дуввуми худ медонанд. Фарзандонаш дар он ҷо ба мактаб мераванд ва худаш бо ҳамсараш шуғли муносиб пайдо кардаанд. Аммо ба гуфтаи Анвари Ҳидоятзода ба фарқ аз ватани бобоиашон дар ин кишвар онҳо тавонистанд сатҳи зиндагонии худро беҳтар созанд.

Ӯ гуфт, «оилаам дар мактаб кор мекунад. Худам хоҷагии деҳқонӣ дорам. Давлат 20 га замин дод, барои хоҷагиро бардоштан, 2 ҳазор доллар пули бебозгашт дод. Шаҳрвандиро, ки гирифтӣ кор намекунӣ гуфта пул медиҳад 60 ҳазор рубли русӣ, ин ду ҳазор доллар аст. Боз банк субсидия медиҳад то 30 ҳазор доллар. Барои кӯдакон ёрдампулӣ медиҳад, обедпулӣ, либоспулӣ, баъд албатта ҳама инҷо меояд.»

Ҷамшед, фарзанди бузурги Анвари Ҳидоятзода, вақте ки оилаашон ба Русия кӯч баст, 17 сол дошт. Ду сол қабл ӯ яке аз коллеҷҳои омӯзгории Русияро хатм карда, феълан дар мактаби деҳа аз фанни информатика дарс мегӯяд. Ҷамшед аллакай оилаи худро ҳам бунёд намудааст. Ӯ бо русдухтаре издивоҷ карда, ҳоло соҳиби писар мебошад.

Ба гуфтаи Ҷамшед, ҳарчанд Тоҷикистонро зиёд пазмон мешавад, вале барои зисти доимӣ баргаштанӣ нест. Зеро вай мегӯяд, «инҷо таҳсил бепул аст, стипендияи хуб медиҳад. Боз вақте, ки хатм мекунӣ, бо ҷои кор таъмин мекунанд. Барои муаллимони ҷавон, агар дар деҳа кор кунанд, 1 миллион рубл, яъне 30 ҳазор доллар медиҳанд. Шароити зист инҷо нисбат ба Тоҷикистон хубтар аст.»

Ба гуфтаи Анвари Ҳидоятзода дар деҳае, ки ӯ бо оилааш феълан зиндагонӣ мекунад, 700 оила ба сар мебарад. Аз ин шумора 7- тои он оилаҳои тоҷиканд, яъне инҳо нафаронеанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд. Ба ҷуз ин ба таъкиди ҷаноби Ҳидоятзода муҳоҷирони кории муваққатӣ хеле зиёданд. Ҳатто зимни суҳбат ӯ нимшӯхиву нимҷиддӣ пурсон ҳам шуд, ки «оё дар Тоҷикистон нафаре мондааст?».

Раванди муҳоҷирати сокинон ба кишварҳои хориҷ, бахусус Русия баъд аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд ва ҳоло ҳам он идома дошта ба як тамоюли маъмулӣ табдил ёфтааст. Онҳое, ки хешу табор ва наздикони худро дар Тоҷикистон гузошта, кишвари бегонаро макони зисти минбаъдаи худ интихоб мекунанд, асосан як мақсад доранд -- таъмини зиндагии шоиста барои худу фарзандон.

Маҳина Сатторова, сокини шаҳри Душанбе низ азм дорад, рӯзҳои наздик бо 3 фарзандаш ба Русия равад. Мегӯяд, онҷо онҳоро падари фарзандонаш интизор аст. Ду сол қабл шавҳари ӯ Аъзам Улуғови дандонпизишк бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилааш ба Русия рафт. Ҳоло ба гуфтаи Маҳина шавҳараш онҷо шаҳрвандии Русияро қабул кардаву ҷои кори хуб ҳам аз рӯйи ихтисос пайдо намудааст.

Вай афзуд, «дар онҷо ҳоло дар як моҳ маоши панҷмоҳае, ки дар Душанбе ба даст меовард, мегирад. Барои ояндаи фарзандонам мехоҳам биравам. То ин ки онҷо маълумоти хуб гиранд. Дар инҷо ҳам маълумоти хуб гирифта мешавад, аммо боз буҷаи оилавӣ намерасад Барои ҳамин меравем. Намехоҳем рафтан лекин маҷбур, дар куҷое, ки кори шавҳар хуб аст, оилаашро ҳам мебарад.»

Коршиносон мегӯянд, солҳои ахир раванди кӯч бастани тоҷикистониён ба хориҷ, ба хусус ба ФР рӯ ба афзоиш аст. Ва он омилҳои гуногун дорад. Яке аз онҳо имконияту шароити мусоиди фароҳамовардашуда дар ин самт мебошад. Музаффар Зарифов, роҳбари Созмони муҳоҷират ва рушд дар ин робита мегӯяд:

«Барномаҳое, ки Русия имрӯз таҳия мекунад, ба ҳамшаҳриён вобастагӣ дорад, ҳамшаҳриён гуфта, он нафаронеро дар назар дорад, ки дар даврони шӯравӣ таваллуд шудаанд, ин як сабаб. Сабаби дуввум ин, ки дар онҷо бисёре аз шаҳрвандонамон кор ёфта метавонанд аз рӯйи ихтисос, моҳонаашон зиёд аст. Россия ба онҳо ҷои зист медиҳад. Қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Сабабҳои иқтисодиву сиёсӣ ҳам дорад. Чунки бисёриҳо фикр мекунанд, ки Тоҷикистон нотинҷ шуданаш мумкин аст. Ман ҳам ҳатто фикр карда истодам, ки бо оилаам равам. Азбаски хона надорам. Даҳ сол аст, ки навбат истодам, вале замин гирифта наметавонам. Дар иҷора зиндагӣ мекунам.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ақидаи соҳибназарон, чунин раванди кӯч бастани шаҳрвандон ба хориҷ паёмади хуб дошта наметавонад. Зеро қабл аз ҳама дар ин самт Тоҷикистон кадрҳои болаёқати худро аз даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG