Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки исломии рушд аз кишварҳои узваш даъват кард, ки дар пешорӯи як бӯҳрони иқтисодии дигар муттаҳид шаванд.

Халил Ал-Абудӣ, сарвари ICD ё Корпоратсияи исломии рушд, як ниҳоди умдаи Бонки исломии рушд мегӯяд, бӯҳрони қаблӣ ба иқтисоди як қатор кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ дошт ва харобаҳои онро ба мушкил барқарор мекунанд:

«Ҳоло вақти он расидааст, ки худро нерӯманд кунем ва мутмаин шавем, ки ба истиқболи мавҷи дигари буҳрон беҳтар омода шудаем. Дар сатҳи минтақа ҳам чанде аз кишварҳои узви Бонки исломии рушд ба мушкилоти молиявӣ мувоҷеҳ шудаанд ва бархе сахт зарар дидаанд. Барои пурқувват шудан мо бояд муштарак кор кунем. Ман он қадар барои итминон бахшидан ба ин мушорикат таъкид намекунам, аммо ҳаминро метавонам гӯям, ки иқтисоди кишварҳои узв ҳоло дар як ҷодаанд.»

Халил Ал-Абудӣ гуфт, Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон барои омодагӣ ба буҳрони дигар кӯмак хоҳад кард. Сарвари Корпоратсияи исломии рушд зимни «Форуми соҳибкории Душанбе -2013» сӯҳбат мекард, ки дар доираи муқлоқоти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии Рушд дар пойтахти Тоҷикистон мегузарад.

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, шарики Корпоратсияи исломии рушд дар ташкили форум гуфт, баррасии имкониятҳои тавсиаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Бонки исломии Рушд тариқи ҷалби сармоя ҳадафи аслии ин форум аст: «Ҳамчунин дар ин форум шарҳи мухтасари фазои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд ва ҳамкориҳо бо кишварҳои узви Бонки исломии рушд дар масоили низоми бонкдории исломӣ ва ширкатҳои лизингӣ низ баррасӣ мешаванд»

Зимнан, дар баррасиҳое, ки баъд аз зуҳри рӯзи шанбе сурат гирифтанд, коршиносон ва мутахассисони Бонки исломӣ ба ҳамкорони тоҷики худ ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломиро пешниҳод карданд. Меъёри аслии низоми бонкдории исломӣ набуди ситонидани дарсад аз қарз аст, аммо қарзгир бо эҳтироми қавонони дини ислом муваззаф аст, ки фоидаашро бо бонк ба ҳам бинад. Ҳамчунин тибқи ин низом сармоягузорӣ ба истеҳсоли машрубот, лотерея, фаҳш ва истеҳсоли ғизои аз нигоҳи ислом мамнӯъ, манъ карда мешавад.

Фазои сармоягузорӣ ва имконоти Тоҷикистонро Матлубхон Давлатов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон муаррифӣ кард. Вай кишварҳои исломиро ба сохтмони нерӯгоҳҳои миёнаву бузург, аз қабили Шӯроб, Роғун ва Даштиҷум ҷалб ва онҳоро ба сохтмони хати барқи CАSA – 1000 даъват кард.

Оқои Давлатов афзуд: «Ба наздикӣ ман дар Арабистони Саудӣ будам ва дидам, ки чӣ хел мушкил бо оби нӯшокӣ дорад. Ку бинем, ки кадом имкониятҳоро дорем? Имконияти обро ба тарафи Арабистон гузаронидан ҳаст? Як фикр бояд кунем. Ку оянда бинем, ки чӣ роҳҳо ҳаст. Мо дар баландии 4 ҳазор метр қарор дорем. Дар Сарез 18 миллион кубокилометр об дорем. Дар Норак низ ҳамчунин. Оё имкон дорад, ки ин обро ба хориҷи кишвар интиқол диҳем? Мумкин аст»

Матлубхон Давлатов ҳамчунин соҳаҳои нақлиёт, молия, маъдани кӯҳӣ, кимиё, тиб, истеҳсоли доруворӣ, кишоварзӣ, минтақаҳои озод ва ғайраро низ барои сармоягузории хориҷӣ мувофиқ дониста, таъкид кард, ки кишвараш ба сохтмони корхонаҳои муштарак арҷ мегузорад.

Тоҷикистон аз соли 1996 ба ин сӯ узви Бонки исломии Рушд аст ва тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, то ба имрӯз барои 23 созишнома дар соҳаҳои тиб, энержӣ, нақлиёт, молия ва азхудкунии заминҳои нав 200 миллион доллар сармоя гузоштааст. Тадобири панҷрӯзаи ҷаласаи 38 – уми шӯрои мудирони Бонки исломии Рушд то 22 майи соли равон идома хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG