Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рустамзодаро дар Боку барои "Harlem Shake " боздошт карданд


Илкин Рустамзода

Илкин Рустамзода

Додгоҳи шаҳри Боку Илкин Рустамзода яке аз фаъолони Facebook-ро барои авбошӣ ва гузоштани навори зиддунақизи "Harlem Shake " як навъ рақси шикан-шикан муттаҳам кардааст. Дар давоми ду моҳи расидагии муқаддамотӣ Рустамзода дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Неъмат Каримов-вакили мудофеи вай ба радиои Озодӣ гуфт, ки Рустамзода барои ба навор гирифтани ин рақс дар метро ва гузоштани он дар интернет муттаҳам карда шудааст.

Рустамзода яке аз фаъолони гурӯҳи Озод Гапнҷлик ё Ҷавонони Озод аст, ки баъд аз 15 рӯзи ҳабс рӯзи чаҳоршанбе аз зиндон раҳо шуд.
XS
SM
MD
LG