Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тифлис аз раҳпаймоии ҳамҷинсгароён пешгирӣ карданд


Фаъолони ҳаракати зидди ҳамҷинсгароён аз баргузории як раҳпаймоӣ дар чаҳорбоғи Пушкини шаҳри Тифлис пешгирӣ карданд. Ҳамҷинсгароён мехостанд дар Рӯзи байналмиллалии зидди ҳамҷинсгароён ин раҳпаймоиро анҷом диҳанд. Вале фаъолон иҳотаи пулисро шикастанд ва хостанд ба ҳамҷинсгароён ҳамла баранд.

Пулис ба онҳо кӯмак кард, ки зудтар ба автобусҳо нишинанд ва ин маҳалро тарк кунанд. Даҳҳо нафар фаъолони зидди ҳамҷинсгароён як ҷо бо кормандони калисои Ортодокс дар маркази шаҳр боқӣ монданд, то аз раҳпаймоӣ пешгирӣ кунанд.

Калисои Ортодокси Гурҷистон даъват кардааст, ки аз ин гуна раҳпаймоиҳо ҷилавгирӣ шавад, зеро ҳамҷинсгароӣ бо фарҳанги мардуми гурҷӣ бегона аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG