Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Ало Буқаи Қирғизистон


Малик Нурдинов
Малик Нурдинов
Баъд аз задухӯрди гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Ало Буқаи вилояти Ҷалолобод мақомоти маҳаллӣ тадобири амниятиро дар ин маҳал тақвият додаанд. Малик Нурдинов-фармондеҳи пулиси маҳаллӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ин задухӯрдҳо шоми рӯзи панҷшанбе дар деҳаи Сафед Булон миёни ҷавонони қирғизтабор ва узбактабор рух додааст.

Ба чанд наврас кӯмаки тиббӣ расондаанд ва яке аз онҳо дар бемористон бистарӣ шудааст. Дар бораи сабабҳои моҷаро чизе гуфта намешавад.

Нурдинов гуфтааст, ки вай худаш ба ин деҳа сафар кардааст, то вазъро аз наздик биомӯзад.
XS
SM
MD
LG