Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик нақши ходимони дин дар масоили марбут ба ҳимоят аз ҳуқуқи занҳо дар ҷомеаро муассир медонанд.

Дар як ҳамоиши омӯзишии серӯза дар Хуҷанд, ки бо ибтикори Кумитаи занони Тоҷикистон, намояндагони бахшҳои дин, занон ва оила ва ҳудуди 50 имом - хатиби масҷидҳои ҷомеи вилояти Суғд доир шуд, муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳимоят аз ҳуқуқи занҳо дар ҷомеа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ин дар ҳолест, ки афзоиши аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон ва зиёд шудани мизони худкушӣ миёни занону духтарони суғдӣ дар солҳои охир, мояи нигаронии амиқи сокинон шудааст. Аз нигоҳи иштирокдорони ҳамоиш, дар ҳалли ин мушкилот, бояд ходимони дин низ дар ҷомеа нақши муассире дошта бошанд. Зеро аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз таълимоти ислом пайравӣ мекунанд ва сухану мавъизаҳои намояндагони дин назди онҳо қадру манзалате дорад.

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, раҳбари Шӯрои уламои Суғд, худи сокинон низ дар ҳалли мушкилоти хонаводагии худ ба аъзои Шӯрои уламо ва имом – хатибон зиёд муроҷиат мекунанд: “Як сабаби аслии вайрон шудани оилаҳои ҷавон аз никоҳҳои барвақтӣ аст. Дар ин бора ба мо ҳам бисёр муроҷиат мекунанд, ки духтари барвақт хонадор кардаашон вазифаҳои оиладориро иҷро карда натавонистаасту шавҳараш талоқ додааст. Албатта, дар мавъизаҳоямон ҳифзи оилаву ҳимоят аз ҳуқуқи занонро ба сокинон бисёр мефаҳмонему ташвиқ мекунем. ”

Бино ба омори расмӣ, аз ҳар 8 оилаи ҷавони суғдӣ яке баъди чанд соли зиндагии якҷоя, аз ҳам мепошад, дар ҳоле, ки 5 сол пеш аз ҳудуди 13 оилаи Суғд яке пароканда мешуд. Дар соли гузаштаи 2012 дар вилояти Суғд беш аз 26 ҳазор оилаи нав расман барпо шуда, бештар аз 3 ҳазор оила аз ҳам пошидааст. Ҳамчунин муаллимон аз барканори мондани бархе аз духтарони деҳот аз таҳсили ҳатмии 11-сола нигаронӣ мекунанд.

Аз нигоҳи Иброҳим Калонзода, имом - хатиби масҷиди ҷомеи “Нури ислом” дар Хуҷанд, таъмини зиндагии хубу шоиста барои занон ва ҳалли мушкилоти онҳо масъулияти тамоми аҳли ҷомеа ва ниҳодҳост. Вале дар бархе маврид ходимони дин масъулияти бештар бар дӯш доранд ва бояд қонунҳои давлат низ ба онҳо имкони амал фароҳам намояд: “Маърифати ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон ва занонро баланд намудан, бо роҳи қонунӣ ҳал кардани никоҳ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти мусалмонон аст ва маҳр, моликияте, ки барои зан аз ҷониби шавҳар таъйин мешавад ва сабти расмӣ намудани онҳо. Ин масъалаҳое, ки мавриди гуфтугӯ қарор гирифт, барои имом - хатибон дар оянда як барномаи нави ҳамкорӣ хоҳад шуд.”

Дар ҳоли ҳозир ҳамдастии ходимони дин бо мақомот умдатан дар мавъизаву суханрониҳои рӯҳониён дар мавзӯъҳои ҳуқуқ ва вазифаҳои занҳо барои зиндагии шоиставу дастрасӣ ба маълумоту ихтисос, никоҳ ва вазифаҳои зану шавҳарӣ, гиромидошти оилаву таълиму тарбияти фарзандон аз минбари масҷидҳо зоҳир мешавад.

Абдуҷамол Ҳомидов, имом-хатиби масҷиди ҷомеъ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки аз иштирок дар ҳамоиши омӯзишии серӯза ба худ чӣ бардошт кардааст, чунин мегӯяд: “ Ҳар миқдор, ки занону духтарон босавод шаванд, барои оилаву фарзандони худ ва давлату ҷомеа ҳамон қадар зиёд фоида меоранд.”

Маърифат Шокирова, аз масъулони Кумитаи занҳои назди ҳукумати Тоҷикистон ва аз дастандаркорони баргузории ҳамоиш мегӯяд, ходимони дин дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи занҳо метавонанд корҳои зиёд анҷом диҳанд: “Чунки ходимони дин аз ҷумлаи бародарон, шавҳарон ва наздикони мо ҳастанд. Ва дар Қуръони азимушшаън, ки барои зан, модар ҳуқуқҳои хеле баланд таъйин шудааст, онҳо бояд тарғибгари риоят ба ин фармудаҳо ва пешгирӣ аз зӯроварӣ нисбат ба зан дар оила, тарғибгари масъалаҳои шинохти ҳуқуқи занон бошанд.”

Вале Хонум Шокирова афзуд, ходимони динӣ ҷиҳати ошноӣ ва омӯзиши қонунҳо ва бахше аз илмҳои ба истилоҳ дунявӣ, ниёз ба давраҳои такмили ихтисос, доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG