Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19-уми май - Рӯзи дави миллӣ


Tajikistan - marathone
Tajikistan - marathone

Рӯзи якшанбе, 19-уми май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ эълон шудааст.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин пойгаи анъанавии оммавӣ, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр медаванд. Рӯзи дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ оғоз мешавад. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда хоҳад шуд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00
Линки мустақим


Ба иттилои ҷаноби Мирзоев Рӯзи дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG