Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи андоз Зайд Саидовро “манфиатҷӯ” номид


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон изҳороти Гурӯҳи тадорукотии ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро роҷеъ ба кодекси нави андоз рад кард.

Дафтари матбуоти Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки “изҳори раҳбари гурӯҳи тадорукотии ҳизби “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов дар бораи таҳрири нави кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон асос надорад ва ба воқеият мутобиқат намекунад”. Манзур, изҳороти Саидов аст, ки гуфтааст, кодекси нави андоз танҳо бо назардошти як соҳаи молиявӣ ва танҳо барои ҷамъоварии андози бештар таҳия гашта, “ҳамоно ба рушди иқтисодии Тоҷикистон зарбаи бузург мезанад.”

Бо ноқаноатмандӣ аз ин изҳорот Дафтари матбуоти Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Саидовро ба он айбдор кардааст, ки нукоти асосии қонуни нав, аз ҷумла таъйини ҳаҷми умумии солонаи андоз дар кишвар (800-900 миллион сомонӣ) ва коҳиши навъҳои муайяни пардохтҳо ва сабукиҳои дигарро нодида гирифтааст. Дар баёния гуфта мешавад, қонуни нав бо ширкати соҳибкорон омода шуда, манфиати онҳоро дар назар мегирад. Ҳамчунин омадааст, ки иҷрои бархе аз бандҳои қонуни нав, аз ҷумла “сабукиҳо” дар андозсупории аҳолӣ ва соҳибкорон дар давраи то соли 2017 оғоз хоҳад шуд.

Кумитаи андоз инчунин мегӯяд, чаҳор моҳи аввали татбиқи кодекси нав дурустии дастурҳои он ва мусоадаташ ба рушди иқтисодии кишварро ба исбот расондааст.

Дар поёни изҳороташ Дафтари матбуоти Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон номи 13 ширкату корхонаеро зикр кардааст, ки дар феҳрасти ин кумита Зайд Саидов молик ё соҳибимтиёзи онҳо сабт шудааст. Аз ҷумла ширкатҳои «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал», «Гулистон», «Рос Азия Инвест», «Тоҷик Азот», «Абрешим», «"Алмаз Азия», «Точ-Рус-Хамкор», «Гулистон Тур», «Табаррук», «Меҳробод», «Шерзод-2013», «Тоҷик Мармар» ва ғайра. Ин манбаъ мояи изҳори назари Саидовро ҳамлаи бедалел ба Кумитаи андоз бо мақсади беҳбуди кори худ ва ҷамъоварии бештар сарвати шахсӣ унвон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG