Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Маскав хост, ҳодисаи кашфи мухаддиротро шарҳ диҳад


Душанбе аз Маскав тақозо кардааст, ки ҳодисаи кашфу мусодираи 80 кг маводи мухаддир аз қатораи Тоҷикистон дар қаламрави Русияро шарҳ диҳад.

Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар як нома аз Хадамоти Федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия (ФСКН) тақозо кардааст, ки ҳодисаи кашфу мусодираи 80 кило маводи мухаддир аз қатораи Тоҷикистон дар қаламрави Русияро шарҳ диҳад.

Мақомоти қудратии Русия ду рӯз қабл иттилоъ доданд, ки дар махфигоҳи қатори рақами 319-и Маскав-Душанбе, ыудуди 50 зарфи пластикиро кашф карданд, ки дар дохили онҳо маҷмуан 80 кило маводи мухаддир, эҳтимолан ҳероин пайдо шуд. Зимнан, Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия ҳам аз ёфт шудани 50 кило ҳероин дар махфигоҳи қатораи Душанбе дар истгоҳи Оқсарои Приволжйе ба хабаргузориҳо гузориш дода буд.

Дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе номаи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистонро дастрас кард ва ба ниҳодҳои марбуттаи Русия ирсол дошт.


Дар нома аз ҷониби Русия тақозо шудааст, ки ҷузъиёти ҳодисаҳоро тавзеҳ диҳанд ва бигӯянд, ки оё маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон ба Русия интиқол дода шудааст ё дар берун аз марзи Тоикистон, дар имтидоди роҳ то ба Русия. Намояндаи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухадири Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамакнун мунтазири посухи мақомоти вобастаи Русия ҳастанд.

Соли гузашта зимни як ҳодисаи боздошти маводи мухаддир дар қатори Тоҷикистон дар Русия, барои рушанӣ андохтан Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон ба ФСКН-и Русия нома ирсол дошт ва дар натиҷа маълум шуд, ки маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон ба Русия наомадааст.
XS
SM
MD
LG