Пайвандҳои дастрасӣ

Волидони Ҳамза аз ширкат дар мурофиа даст кашиданд


Наздикони Ҳамза Икромзода.

Наздикони Ҳамза Икромзода.

Мурофиаи навбатии муттаҳами аслӣ дар марги Ҳамза Икромзода сарфи назар аз хоҳиши наздикони ҷабрдида, ин бор ҳам дар СИЗО доир мешавад.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Ҳамза Икромзода рӯзи 17-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки алорағми хоҳиши волидони Ҳамза Икромзода, дар мавриди баргузории мурофиа дар бинои Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, мурофиа ин бор низ дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Рӯзи 15 май дар Душанбе хеле кӯтоҳ мурофиаи додгоҳии муттаҳами аслӣ – собиқ маъмури зиндон Маҳмуд Исмоилов барпо шуд, вале дубора ба таъхир андохта шуд. Аҳли хонаводаи Икромзода аз тарзи баргузории мурофиа розӣ набуда ва аз мақомот тақозо карданд, ки мурофиа на ба шакли пӯшида дар шароити боздоштгоҳи муваққат, балки дар толори додгоҳ ва бо ҳузури намояндагони матбуот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҷараён гирад. Бо сабаби худдории ҷониби ҷабрдида аз ширкат дар додгоҳ, қарор шуд, идомаи мурофиаи судӣ рӯзи 17 май баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол Амиралӣ Икромзода бародари Ҳамза гуфт, ки субҳи имрӯз вакили мудофеъ ба онҳо хабар додаст, ки мурофиа дар СИЗО сурат мегирад ва хонаводаи онҳо то замоне, ки мурофиа дар СИЗО идома кунад, дар он ширкат нахоҳанд кард.

Икромиддин Қараев, Додситони назоратӣ дар посух ба суоли "Озодӣ" дар мавриди ҳузури хабарнигорон дар ин мурофиа гуфт, онҳо танҳо пас аз дарёфти иҷозат аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонӣ, метавонанд дар мурофиа ширкат кунанд.

Дар мурофиаи додгоҳие, ки таҳти раҳбарии додрас Рустам Мирзоев ҷараён дорад, Маҳмуд Исмоилов, як маъмури зиндони рақами яки Душанбе муттаҳами аслӣ ном бурда мешавад. Ӯро на аз рӯи моддаи "шиканҷа", балки бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст (моддаи 316, қисми 3), муҳокима мекунанд. Тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, дар сурати исбот шудани ин иттиҳом, Исмоиловро аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ, ки ҷасади писарро хоксупорӣ карданд, осори шиканҷаи шадид, аз ҷумла паи дарзмолро дар тани фарзанди худ сабт карда гуфтанд, ки Ҳамза Икромзода бар асари марги маҷбурӣ ҷон додааст.

Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд. Комиссияи экспертии додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад гуфт, Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст ва сабаби маргаш низ ҳамин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG