Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 17-19-уми май бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Даври ҳафтуми мусобиқа имрӯз, 17-уми май бо бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб оғоз меёбад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан соати 17 шурӯъ мешавад.

Се бозии дигар рӯзи шанбе, 18-уми май барпо мегардад. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат, ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунанд.

Бозии охирини даври ҳафтум байни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

17-уми май, ҷумъа. Оғози бозӣ – соати 17.00
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

18-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).

19-уми май, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 17.00
«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Б. Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 18-4 15
2 «Равшан» (Кӯлоб) 4 4 0 0 8-1 12
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 4 0 1 11-7 12
4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 3 1 2 5-6 10
5 «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 1 1 6-5 7
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 1 2 5-4 7
7 «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 1 4 3-8 4
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 5 0 3 2 1-3 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 2 3 2-7 2
11 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) 5 0 1 4 5-16 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол») – 3-тӯбӣ. Нуъмонҷон ҲАКИМОВ, Индус ҲУСЕЙНЗОДА, Сайриддин ҒАФФОРОВ (ҳарсе - «Равшан»), Гершон АКУФФО, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Илҳом МИРЗОЕВ («Парвоз»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Бахтиёр ЧОРИЕВ («Энергетик»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Фурқат МИРҲАЙДАРОВ («Вахш»), Бахтиёр ҲАКИМОВ («Панҷшер») –2 -тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG