Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалилӣ мегӯяд, музокиротро идома медиҳанд


Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, мегӯяд, музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии кишвараш идома хоҳад кард. Саид Ҷалилӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки доир ба ин масъала бо Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо баҳси “тӯлонӣ ва судманде” доштаанд. Пештар аз ин Кетрин Эштон ҳам гуфтугӯ бо Ҷалилиро судманд хонд. Мулоқоти дутараф дар шаҳри Истанбул сурат гирифт, вале ҳеҷ барномаи нав дар бораи музокироти нав эълон накарданд. Амрикову Русия, Фаронсаву Бритониё ва Чину Олмон аз Эрон мехоҳанд, дар ивази сабук кардани таҳримоти иқтисодӣ, аз ғанисозии ураниум даст кашад. Аммо Эрон мегӯяд, бояд ин кишварҳо ҳаққи он барои ғанисозии ураниумро бипазиранд ва таҳримотро аз байн бардоранд.
XS
SM
MD
LG